Рӯзи 6-уми феврал дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷаласаи ҳисоботии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ баргузор шуд.
Тавре котиби матбуотии фурудгоҳ Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар ҷаласа зикр гардид, ки Иттифоқҳои касабаи соҳаи авиатсияи граждании ҷумҳурӣ дар рушду нумӯи иқтисоди кишвар, иттиҳоди миллату пешрафти ватан роли муҳим мебозанд. Ҳуқуқҳои иҷтимоии кормандони соҳаро ҳамеша ҳимоя намуда, барои фаъолияти меҳнатӣ ва истироҳати кормандон ва фарзандони кормандони соҳа заҳмат мекашанд.
Ба мушкилиҳои мавҷуда нигоҳ накарда, соҳаи авиатсияи граждании кишвар нисбат ба солҳои пеш хело тараққӣ намудааст, фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, фурудгоҳи Қӯрғонтеппа ва шаҳри Хоруғ соли сипаришуда мутобиқи нақша мусофир ва бор интиқол додаанд. Самти хизматрасонӣ ба мусофирон низ беҳтар гардидааст.
Қайд гардид, ки соли 2014 авиатсияи граждании Тоҷикистон 90 сола мешавад, аз ин хотир ба ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи соҳа дастур дода шуд, ки нақша-чорабиниҳои махсус тартиб дода, санаи муҳим бо хотирмонии хоса ҷашн гирифта шавад.
Масъалаҳои таъини нафақаи кормандон, истироҳати коргарон ва нафақагирон, ташкили истироҳати фарзандони кормандони соҳа аз масъалаҳое буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини аввали Раиси Федератсияи Иттифоқхои касабаи мустакили Тоҷикистон Қарши Каримов саҳми кормандони соҳаро дар самти пешрафти ҷомеа қайд намуда, иброз дошт, ки иттифоқи касабаи ҷумҳуриявӣ ба фаъолияти меҳнатии кормандони соҳаи авиатсия баҳои хуб медиҳад ва даъват намуд, ки дар оянда низ барои рушду нумӯи соҳа ва дар маҷмӯъ пешрафти иқтисоди кишвар меҳнати арзанда намоянд.
Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ М. Хушвахтов дар интиҳои ҷаласа гуфт, кормандони соҳа 90 солагии авиатсияи граждани кишварро бо дастовардҳои меҳнатӣ пешвоз гирифта, барои таъмини шароити хуби меҳнат ва истироҳати кормандон талош хоҳанд кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста