Санаи 11-уми феврали соли ҷорӣ зимни вохӯрии вазири кишоварзии ҶТ Қосими Роҳбар бо директори намояндагии Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Дирк Меганк масоили ҳамкориҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба расонидани кумак ба Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 2014-2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, зимни суханрони вазири кишоварзӣ Қ.Роҳбар аз ҳамкориҳои дуҷониба ба намояндагии Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуда қайд кард, ки саҳми Иттиҳоди Аврупо баҳри рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти озуқавории кишвар назаррас мебошад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла дар самти татбиқи барномаи рушди деҳот, обёрикунии заминҳои кишоварзӣ, касбомӯзии мутахассисони соҳа ва диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ як қатор корҳои амалӣ ба анҷом расонида шуд.
Дар ин раванд қайд карда шуд, ки дар оянда низ баҳри дар амал татбиқ намудани “Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ҳамкориҳои дуҷонибаи самарабахш ба анҷом расонида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста