Раиси ҳукумати Тоҷикистон, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи аз андозбандӣ озод кардани сохтмони нерӯгоҳи барқиву обии «Роғун»-ро ба имзо расонид. Дар қарори дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қароргирифта санаи 3-юми январи соли 2014 дарҷ ёфтааст.
Дар қарор зикр мегардад, ки мутобиқи моддаи 312-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар давраи сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун» фармоишгари сохтмон ва пудратчии генералии сохтмон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда; андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард; андоз аз фоида (андоз низоми соддакардашуда); андоз аз воситаҳои нақлиёт; андоз аз молу мулки ғайриманқул;
андози иҷтимоӣ нисбат ба шахсони хориҷие, ки бевосита дар сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обӣ фаъолият мекунанд ва боҷи давлатӣ барои бақайдгирии тарҳи эмиссияҳои коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ, ки бинобар сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обӣ амалӣ шудаанд, озод карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, дар қарор зикр мегардад, ки таҳвилгарони молҳо (кор, хизматрасонӣ)-и барои сохтмони нерӯгоҳӣ барқи-обӣ пешбинишуда қисман ё пурра аз пардохти андоз аз арзиши изофа озод карда намешаванд.
Зимни нишасти хабарии рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ вазири молияи ҶТ Абдусалом Қурбонов изҳор намуд, ки ҳудуди 390 млн. сомонии аз хариди саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НОБ Роғун» бадастомада ба корҳои барқароркунии иншооти он масраф гардидаанд.
Ба гуфтаи ӯ, маблағи умумии фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои ҶСК «НОБ Роғун» 804,7 млн. сомониро ташкил дода, аз боқимондаи ин воситаҳо (415 млн. сомонӣ) тақрибан 200 млн. сомонӣ дар ихтиёри чанде аз бонкҳои тиҷоратӣ ба сифати пасандоз нигоҳ дошта мешаванд.
Қобили зикр аст, ки соли 2010 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи баргузор намудани ташхиси байнулмилалии арзёбии фанниву иқтисодӣ ва арзёбии экологиву иҷтимоии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» созишнома ба имзо расида, моҳи феврали соли 2011 ширкати «Poyry Energy Ltd» паймонкори доир сохтани ин ташхис интихоб шуд.
Нахуст Бонки ҷаҳонӣ изҳор кард, ки натиҷаҳои ташхис тобистони соли 2012 пурра омода мегарданд. Баъди фаро расидани ин муҳлат Бонки ҷаҳонӣ боз изҳор кард, ки ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» моҳи феврали соли 2013 ба итмом мерасад. Пас аз фаро расидани ин муҳлат бошад, Бонк дигар аз ифшои муҳлати мушаххаси анҷоми ташхис худдорӣ варзида, корҳои таҳқиқотиву арзёбӣ то ҳол идома доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста