Рӯзҳои наздик имзои Созишнома дар бораи истифодаи роҳҳои наздимарзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар назар аст.
Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода дар ин робита изҳор кард, ки варинати санади пешбинишуда аз ҷониби Тоҷикистон омода гардида, рӯзи 14-уми феврал ба баррасии ҷонибҳо пешниҳод карда мешавад. «Пагоҳ ҷиҳати баррасӣ ва имзои ин созишнома мо ба Бишкек меравем», - гуфт вазир.
Хайрулло Асозода зикр кард, ки Қирғизистон якҷониба марз бо Тоҷикистонро баст. «Мо роҳро набастаем ва ба гузаронидани бору колое, ки аз ҷониби Қирғизистон меоянд, иҷозат медиҳем, вале ба убури автомашинаҳо аз ҷониби мо иҷозат дода намешавад. Фикр мекунам, ки бародарони қирғиз аз ин кори кардаашон аллакай пушаймонанд», - мегӯяд Асозода.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ бар ин назар аст, ки аз баста шудани марз аҳолии ҳарду кишвар ва дар навбати аввал шаҳрвандони Қирғизистон зарар мебинанд. «Ба ҳаҷми ҳамлу нақли бор бастани марз таъсире нарасонид, зеро мо роҳҳио алтернативии сершуморе дорем, ки аз он истифода мекунем», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки санаи 11-уми январ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дода, пас аз он Қирғизистон якҷониба марзҳояш бо Тоҷикистонро баст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста