- Сохтмони роҳи оҳани минтақавии Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистон-Русия алҳол танҳо як ниятест, ки дар барномаҳои дарозмуҳлати рушди бахши нақлиёти ин кишварҳо пешбинӣ шудааст, - изҳор кард зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти ҶТ Хайрулло Асозода.
Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба баррасии ин масъала танҳо як вохӯрии намояндагони мақомоти дахлдори кишварҳо дар шаҳри Маскав доир гардида, аз ин рӯ, чунин лоиҳа ҳам ҳоло вуҷуд надорад.
Асозода зикр кард, ки оид ба таҳияи Барномаи рушди бахши нақлиёт дар Тоҷикистон то давраи соли 20150 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ин барнома ҳамчунин як қатор бандҳои марбут ба рушди сохтмони роҳи оҳан дар сатҳи минтақавӣ низ дохил карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки масъалаи имкони сохтмони роҳи оҳани мазкур моҳи майи соли гузашта зимни мулоқоти сарони кишварҳои чор давлат дар нишасти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Бишкек баррасӣ шуда буд.
Ҳамчунин қаблан зикр гардида буд, ки идомаи сохтмони ин роҳ то кишварҳое чун Афғонистону Эрон ва Туркманистон низ аз эҳтимол дур нест.
Коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистон-Русия ба бунёди боз як воситаи нақлиётӣ дар доираи низоми амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамчунин ба дастёбӣ ба бозорҳои бисёр кишварҳои минтақаи Осиё имкон фароҳам меоварад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста