Чанде қабл мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Қатар дар Тоҷикистон Алӣ Бен Муборак Саил ал-Муҳанадӣ доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар мулоқот атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба гуфтугуӯи доманадору судманд сурат гирифта, зикр гардид, ки Тоҷикистону Қатар дар доираи созмонҳои бонуфузуи байнулмилалие чун СММ, Созмони Конфронси исломӣ ва ғайра ҳамкории пурсамар доранд.
Шариф Саид ба сафир роҷеъ ба муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар, имконоти роҳандозии ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар бахшҳои гуногуни иқтисод маълумоти муфассал дода, пешниҳод кард, ки дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои Қатар барпо карда шавад.
Дар навбати худ сафир зикр кард, ки доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони Қатар ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ва кишвараш ҳамчунин ба роҳандозии содироти асалу мева ва маҳсулоти чорводорӣ аз Тоҷикистон таваҷҷуҳ дошта, баргузор кардани чорабиниҳои муштарак, аз қабили намоишгоҳҳову ҳамоишҳои муштараки соҳибкорон барои рушди шарикии тиҷоратиии кишварҳо имконоти зиёд фароҳам хоҳанд овард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста