Зимни кори як мизи гирд дар Душанбе рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дурнамои узвияти Тоҷикистон ба Созишнома дар бораи транзит ва савдои АРТТА баррасӣ шуд.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Ларис Кислякова дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2010 Афғонистону Покистон Ёдоошти тафоҳум оид ба Созишнома дар бора транзит ва савдои АРТТА-ро ба имзо расониданд.
«Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин созишнома ба таъмини хуруҷи мустақими транзит барои бахши хусусии ҷумҳурӣ ба Хиндустон, бандарҳои Гвадар ва Қарочӣ дар Покистон бо хароҷоти камтарин ва коҳиши вақти ҳамлу нақли маҳсулот тариқи қаламрави кишварҳо, коҳи арзиши боркашонии транзитӣ, соддашавӣ ва ягонагии тартиботи ҳамлу нақл (аз ҷумла гумрукӣ)-и транзитӣ мутобиқи созишномаҳои байнулмилалии қабулшуда ва меъёрҳои он мусоидат мекунад», - иброз дошт Кислякова.
Муовини раиси ПСС Тоҷикистон зикр кард, ки ин иқдом ҳамчунин ба беҳбуди бахшҳои калидии иқтисод, афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ дар долонҳо (коридорҳо)-и транзитӣ, болоравии рақобатпазирии содироти ҷумҳурӣ низ мусоидат намуда, ҷиҳати гузаштан ба сатҳи сифатан нави муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла инкишофи зербинои нақлиётии фаромарзии кишварҳои Осиёи Марказӣ имкони мусоид фароҳам меоварад.
«Созишномаи мазкур минбаъд метавонад дар дигар кишварҳои ҳамсоя низ мавриди амал қарор гирифта, ба рушди савдои фаромарзӣ, коҳиши монеъаҳо ва роҳандозии ҳамкориҳои гуногуншакли тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо такони ҷиддӣ бахшад», - афзуд Кислякова.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста