Зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳмозод бо котиби иҷроияи Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Свен Алакалай дар Женева натоиҷи "Гузориш оид ба баҳодиҳии эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо" таҳти муҳокима қарор гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар анҷоми чорабинӣ лоиҳаи охирини "Баҳодиҳии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо оид ба эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо" омода гардида, интишори он дар нимаи дуюми соли 2014 ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, рӯзи 10 феврал як банди рӯзномаи иҷлосияи 6-уми солонаи Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо пурра ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Ҳайати кишвар дар он оид ба иқдомҳои ҷумҳурӣ дар самти содагардонии савдо ва дастоварду душвориҳо дар ин ҷода баромад намуда, натиҷаҳои "Баҳодиҳии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо оид ба эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар соҳаи савдо" аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ ва донорҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар анҷоми чорабинии мазкур бо иштироки Шариф Раҳимзода ва роҳбарияти Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо конфронси матбуотӣ баргузор гардид. Боиси зикр аст, ки дар ҷараёни иҷлосияи 6-уми солонаи Кумитаи савдои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ҳамчунин масъалаҳои имконияти ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя дар минтақаи Осиёи Марказӣ, таҳлили ҳамаҷонибаи монеъаҳои меъёрӣ ва расмиётӣ дар соҳаи савдо ва тақвияти шарикии минтақавӣ аз ҷониби намояндагони якчанд давлатҳо баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин, Комиссияи иқтисодии СММ мақсад дорад дар оянда низ натиҷаҳои тадқиқоти гузаронидаро пайгирӣ намуда, ҳамзамон, ташаббусҳоро ҷиҳати таҳияи пешниҳодоти нави лоиҳавӣ тавассути Лоиҳаи рушди Палатаи ҳисоби СММ дастгирӣ намояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста