Корхонаи муштараки «Нутристар»-и Тоҷикистону Фаронса ба истеҳсоли комбикорм (ему хошоки омехта) дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои аврупоӣ оғоз кард.
Директори генералии КМ «Нутристар Тоҷикистон» Малика Ҷумъаева ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки корхона як ҳафта қабл мавриди истифода қарор гирифта, имрӯз дар як шабонарӯз 90 тонна комбикорм истеҳсол мекунад.
«Иқтидори навбати аввали корхона 36 ҳазор тонна комбикорм дар як солро ташкил дода, муддати 4 соли минбаъда афзоиши чор баробари ҳаҷми истеҳсолот дар назар аст», - гуфт директори генералии корхона. – Айни замон мо бо ин маҳсулот корхонаи мурғпарварии «Мурғи ҳилол» дар ноҳияи Файзободро, ки дар наздикии корхонааамон воқеъ аст, бо маҳсулот таъмин мекунем».
Ба гуфтаи Ҷумъаева, дар як вақт ширкат ҳамчунин аз дигар корхонаҳои чорвопарварӣ низ фармоишҳо қабул мекунад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта Созишнома дар бораи ҷудо кардани 2,2 млн. доллари ИМА аз ҷониби Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC)-ро чанде қабл дар Душанбе менеҷери минтақавии IFC дар минтақаи Осмиёи Марказӣ Муаззам Меан, директори ширкати фаронсавии Conseils et Competences en Productions Animales (CCPA) Пйер Имофф ва директори генералии «Нутристар Тоҷикистон» Малика Ҷумъаева ба имзо расонида буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста