Субҳи имрӯз мавзеи Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)-ро тумани ғафс пӯшонид аз ин хотир дар ҷадвали парвозҳо тағйирот ворид гардид.
Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои Урумчи-Душанбе, Дубай-Душанбе, Истамбул-Душанбе, ки то ин соат бояд дар Душанбе фуруд меомаданд, ҳанӯз аз фурудгоҳҳои кишварҳои худ парвоз накардаанд.
Ҳамзамон беҳтар шудани вазъи ҳаворо дар хатсайрҳои Душанбе-Москва (Внуково), Душанбе- Москва (Домодедово), Душанбе- Иркутск дар фурудгоҳи Душанбе интизоранд.
Ҳавопаймои рейси 628 Москва-Душанбе бинобар вазъи ҳавои Душанбе (тумани ғафс) алъон дар фурудгоҳи Хуҷанд фуруд омад.
Хати нишасту парвоз, роҳравҳои зимомӣ ва тавақуфгоҳҳо барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омода шудааст. Техникаи зарурӣ ва дигар механизмҳо мерасанд ва омодаи коранд. Бо барканор рафтани туман қабул ва парвози ҳавопаймоҳо шуруъ хоҳад шуд. Соати гушодашавии ҳаво ҳанӯз маълум нашудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста