Моҳи январи соли равон дар нерӯгоҳӣ обиву барқии «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 211 млн. 355 ҳазору 676 кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба моҳи январи соли 2013 ба миқдори 6,4 млн. кВт/соат камтар мебошад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» хабар доданд, нерӯгоҳ мутобиқи дастури Хадамоти марказии диспетчерии ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба миқдори истеҳсоли нерӯи барқ фаъолият намуда, мутаносибан мувофиқи он ҳаҷми зарурии нерӯи барқро истеҳсол мекунад.
«Имрӯз ягона харидори барқи нерӯгоҳ ширкати «Барқи тоҷик» аст, ки дар навбати худ интиқол, тақсим ва фурӯши онро ба истеъмолгарон таъмин месозад», - гуфтанд дар нерӯгоҳ.
Соли 2013 нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 2 010 260 448 кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кард, ки дар муқоиса бо соли 2012 ба миқдори 131,2 млн. кВт/соат бештар аст. Аз 1-уми январи соли 2014 тарофаҳо ба нерӯи барқи «Сангтӯда-1» 0,02058 доллари ИМА (бидуни назардошти ААИ 18%)-ро ташкил медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста