Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта зимни мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев бо роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар ҶТ Казуя Суэта ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистон бо ин Агентӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, густариши ҳамкории судманд байни Агентӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ба курсҳои омӯзишии JICA бештар фаро гирифтани мутахассисони ҷавон, роҳандозии барномаҳои дигари таълимӣ аз мавзуъҳои асосии мулоқоти дуҷониба буданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин, оид ба тадбирҳое, ки баъди узвияти Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар кишвар анҷом дода мешаванд ва дар ин замина бештар тақвият ёфтани ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, афзун намудани иқтидори содиротии кишвар, алалхусус, дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати коркард ибрози назар намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста