Реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон, ки аввали моҳи октябри соли гузашта ҷорӣ гардида буд, сабуктар карда мешавад, вале алҳол пурра бекор намегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ хабар доданд, тибқи қарори қабулшудаи ҳукумат, интиқоли барқ ба минтақаҳое, ки дар онҳо реҷаи маҳдуди барқ ҷорӣ шудааст, рӯзона афзуда мешавад.
«Алҳол реҷаи маҳдуди истифодаи барқро комилан бекор карда наметавонем, вале бо назардошти вазъи обуҳаво амал хоҳем кард. Агар обуҳавои мусоид боқӣ монад, ояндаи наздик бекор кардани лимит аз эҳтимол дур нест. Обуҳавошиносон вазъи мусоиди обуҳаворо пешгӯӣ мекунанд, вале мо таваккал карданӣ нестем, зеро дар сурати акс, нима ё охири моҳ захираҳои об дар обанбори нерӯгоҳи Норак барои истеҳсоли барқ метавонанд ба сатҳи хеле кам аз нуқтаи зарурӣ поин раванд», - гуфтанд дар вазорат.
Дар Вазорат ҳамчунин зикр карданд, ки дар минтақаҳои реҷаи махуди истифодаи барқ ҷоришуда тадриҷан реҷаи интиқоли рӯзонаи барқ бо қатъи интиқоли шабонаи он ҷорӣ карда мешавад. Алҳол энергетикҳо ниҳоӣ будани тасмими худро тасдиқ намекунанд ва изҳор мекунанд, ки ҳамааш ба сатҳи маҷрои дарёи Вахш вобаста хоҳад буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста