Дар пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон - шаҳри Берлин чилуҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Berlin-2014, 5 марти соли равон расман ба кор оғоз кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Самариддин Асоев, сармуҳаррири рӯзномаи Ҷавонони Тоҷикистон, иштирокчии ин чорабинӣ аз Берлин хабар дод, дар ин намошгоҳ намояндагони беш аз 188 кишвар ҳузур доранд.
«Ин ҳамоиши калонтарини туристии олам то 10 марти соли ҷорӣ идома меёбад ва Тоҷикистонро дар он масъулини соҳа ва намояндагони як қатор ширкатҳои сайёҳӣ бо роҳбарии Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муаррифӣ менамоянд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли ӯ, намоишгоҳи байналмилалии туристии ITB Berlin як навъ макони асосии ба фурӯш баровардани маҳсулоти туристии давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии туристии назди Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб рафта, намояндагони кишвари мо дар он соли ҳафтум аст, ки ширкат менамоянд.
«Дар доираи баргузории намоишгоҳ мулоқоти вазирони туризми мамлакатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии туристӣ баргузор гардида, Конгресси калонтарини сайёҳӣ дар ҷаҳон, ки аз соли 2004 якҷо бо ITB Berlin роҳандозӣ мешавад, барпо мегардад», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста