Дар гузориши ҳамасолаи Legatum Prosperity Index, ки аз ҷониби маркази таҳлилии бритониёии Legatum Institute омода мешавад, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2013 Тоҷикистон аз нигоҳи сатҳи соҳибкорӣ ва имконот мақоми охиринро ишғол кардааст.
Бино ба маълумоти гузориш, дар ин гузориш Қазоқистон зинаи 55-ум (болотарин миёни кишварҳои минтақа), Қирғизистон мақоми 84-ум, Ӯзбекистон ҷойи 92-юм ва Тоҷикистон зинаи 108-умро касб кардааст. Дар бораи мақоми Туркманистон маълумот дода намешавад.
Миёни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Эстония дар зинаи – 28, Латвия – 37, Литва – 40, Русия – 47, Украина – 61, Белорус – 67 ва Молдова дар мақоми 71-ум қарор доранд.
Қобили зикр аст, ки барои муайян кардани сатҳи соҳибкорӣ ва имконот дар кишварҳо ҳашт нишондиҳандаи некӯаҳволии ҷомеа – иқтисод, соҳибкорӣ, идоракунӣ, маориф, тандурустӣ, амният, озодиҳои шахсӣ ва сармояи иҷтимоӣ ба инобат гирифта мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста