Аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 арзиши бозории як метри мураббаъ манзили зист дар шаҳри Душанбе аз 600 то 1700 доллари ИМА (соли 2012 – аз 540 то 1500 $)-ро ташкил дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» хабар доданд, ба нархи бозории манзили зист омилҳои зиёде, вале дар навбати аввал – талабот ва пешниҳод, сифат ва макони ҷойгиршавии он таъсиргузоранд.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта нархи 1 метри мураббаъ манзили зист дар шаҳри Хуҷанд – аз 300 то 1000 $, Қурғонтеппа – аз 300 то 700 $, Кӯлоб – аз 200 то 400 $ ва дар Хоруғ аз 700 то 1200 $-ро ташкил додааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи январи соли 2014 дар Тоҷикистон 23,9 ҳазор метри мураббаъ манзили зист ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128,7%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра дар вилояти Хатлон – 18 ҳазор, вилояти Суғд – 4 ҳазор, навоҳии тобеи марказ – 1,6 ҳазор ва шаҳри Душанбе – 0,3 ҳазор метрии мураббаъ манзили зист ба истифода дода шудааст. Оид ба ВМКБ маълумот дода нашуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста