Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон қаблан мувофиқашуда, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кӯмаки молиявӣ (грант) ба барномаи соҳаи тандурустӣ доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, Шартномаи мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Тоҷикистон, хонум Кристин Лаабс имзо намуданд.
Тибқи ин шартнома Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои татбиқи давраи 4-уми лоиҳаи «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ёрии таъҷилии тиббӣ» 14,0 млн. евро ҷудо намуд. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи барномаи мазкур қаблан 27,5 млн. евро ҷудо гардида буд, ки он ҷиҳати такмили соҳаи тандурустӣ ва таҷдиди таваллудхонаҳо барои расондани ёрии таъҷилӣ дар беморхонаҳои марказии вилоят ва ноҳияҳои вилояти Хатлон равона шудааст.
Дар натиҷаи татбиқи ин барнома дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ беҳтар мегардад, ки он боиси коҳишёбии таваллуд дар манзили истиқоматӣ мегардад, зеро ин нишондод дар вилояти Хатлон аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баландтар аст.
Ҳамчунин, барои расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар самти коҳиш додани миқдори фавти модару кӯдак имконият ба даст меояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста