Ояндаи наздик комиссияи махсуси ҳукумати Тоҷикистон масъалаи додани иҷозатнома барои анҷом додани корҳои иктишофи геологӣ ва ҳуқуқи коркард дар майдони кони тиллои пошидаи «Рангкӯл» дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ-ро баррасӣ мекунад.
Аз Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки майдони тиллои пошида (реза) дар мавзеи кӯли Рангкӯл, бевосита дар наздикии марзи Тоҷикистону Чин воқеъ аст.
«Якчанд ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ барои иштирок ва дарёфти иҷозатнома ҷиҳати роҳандозии корҳо дар ин майдон ариза пешниҳод намуданд, - гуфтанд дар Саридораи геология. – Захираҳои кони «Рангкӯл» он қадр зиёд нестанд – каме бештар аз 1,2 ҳазор кило тилло, вале дурнамояш хеле бузург аст».
Тибқи баъзе маълумот, ҳаҷми эҳтимолии сармоягузорӣ дар марҳилаи аввал то ба 3 млн. доллари ИМА расида метавонад, вале бозгашти сармоягузориҳо ба сатҳи истихроҷи тилло дар кон баъди баргузории корҳои геологӣ вобаста аст.
Тибқи иттилои қаблӣ, захираҳои эҳтимолии тиллои пошида дар Тоҷикистон тахминан 100 тоннаро ташкил медиҳанд. Ин маълумот баъди таҳияи харитаи захираҳои эҳтимолӣ дар конҳои тиллои резаи Тоҷикистон ба даст оварда шуданд.
Бино ба маълумоти геологҳои тоҷик, конҳои тиллои реза асосан дар минтақаи шимол ва ҷанубу шарқи кишвар воқеъ буда, бо азхудкунии ин конҳо беш аз 1,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста