Кормандони Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон дар кори конфронси 82-юми Ассотсиатсияи корҳои иктишофӣ ва истихроҷии Канада (PDAC) ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Саридораи геология, иштироки намояндагони тоҷик дар доираи лоиҳаи муштарак бо Хадамоти геологии Финландия – “Рушдёбӣ ва мукаммалгардонии системаи ахборотӣ дар ҷанбаи геологии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ” амалӣ гардид. Дар доираи лоиҳаи мазкур намояндагони хадамотҳои геологии Қазоқистон ва Қирғизистон низ иштирок доштанд.
Ба иттилои манбаъ, хадамоти геологии Тоҷикистонро дар Конгресс Мурод Хол – сардори Саридораи геология, Бахтдавлатов Р. Д. – муовини аввали сардор, Буров О. А. – сардори шуъбаи робитаҳои хориҷӣ намояндагӣ карданд.
Гуфта мешавад, дар бахши қисмати “Корҳои куҳӣ дар Осиёи Марказӣ, Ашёи минералии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон” аз ҷониби Саридораи геология ду маърӯза – “Пояи қонунгузорӣ – асоси рушди иқтисодиёт” - суханронии Мурод Хол ва “Манбаи ашёи минералӣ. Потенсиали рушди ояндаи иқтисодиёти Тоҷикистон” – суханронии Бахтдавлатов Р.Д. манзур гардид.
Ассотсиатсияи корҳои иктишофӣ ва истихроҷии Канада (PDAC) ин ассотсиатсияи миллии рушдёбӣ ва коркарди ашёи минералӣ мебошад. Дар корҳои Конгресси PDAC ҳамасола зиёда аз 10 ҳазор намояндагони хусусӣ ва корпоративии тамоми дунё, ки стандартҳои баландро дар ҷанбаҳои геологӣ, техникӣ, экологӣ, бехатарӣ ва иҷтимоӣ дастгирӣ мекунанд, иштирок менамоянд. Ҳамаи чорабиниҳои PDAC дар шаҳри Торонто баргузор мегарданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста