Дар ҷараёни кори симпозиум таҳти унвони «Соҳибкории хурду миёна ва савдои минтақавӣ дар Афғонистон ва минтақа «Дили Осиё», ки чанде қабл дар Кобул аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон созмон дода шуд, соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таваҷҷуҳашон ба ҳавасмандсозии воридот аз Афғонистон изҳори назар карданд.
Дар иттилои Донишгоҳи Осиёи Маркзӣ дар ин робита зикр мегардад, ки дар доираи кори симпозиум ду муколамаи интерактивии коршиносон барпо шуда, дар он беш аз 120 нафар намояндагони мақомоти давлатии Афғонистон, созмонҳои байнулмилалӣ, мутахассисони хориҷӣ, соҳибкорон аз Афғонистону кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои таҳқиқотӣ ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат варзиданд.
Муколамаи аввал ба мушкилоти ҷойдошта дар иқтисоди Афғонистон ва имконоти назарраси он бахшида шуда, зикр гардид, ки барои истифодаи ин имконот тадбирҳои қатъӣ баҳри рушди соҳибкорӣ ва ташаккули нерӯи корӣ зарур аст.
Дар ҷараёни муколамаи дуюм бо иштироки гурӯҳи коршиносон оид ба рушди соҳибкории хурд табодули назар сурат гирифт.
Иштирокчиёни чорабинӣ тавсияҳо оид ба тақвияти кор дар самти беҳбуди самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, мубориза бо коррупсия, ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз қабили масҷидҳову муассисаҳои таълимӣ ва ҳавасмандсозии соҳибкории хурду миёнаро пешниҳод намуданд.
«Корхонаҳои соҳибкории хурду миёна ҷойҳои кории зиёд фароҳам оварда, қисмати назаррасии ММД-и Афғонистонро ташкил медиҳанд. Дастгирии рушди ин корхонаҳо, аз ҷумла тавассути роҳандозии тиҷорати минтақавӣ бояд яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иқтисоди миллӣ бошад», - гуфтааст директори генералии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Богдан Кравченко.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста