Пахтакорони минтақаҳои ҷануби кишвар ба кишти пунбадона оғоз намуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, то имрӯз аз майдони 132 ҳазору 200 гектари тибқи нақша пешбинишуда дар 6 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст.
«Имсол ҳаҷми майдони барои кишти пахта пешбинишуда дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, пунбадона дар 199 ҳазору 451 гектар кишт мешавад», - гуфтанд дар вазорат.
Соли 2013 пахтакорони Тоҷикистон 392 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданд, ки 96,4%-и нақшаи пешбинишударо ташкил дод. Ҳамчунин соли гузашта ҳаҷми майдони кишти пунбадона ба андозаи 4% коҳиш ёфта, пунбадона дар 191 ҳазору 333 гектар кишт шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 8 ҳазору 133 гектар камтар буд. Кишти пахта аз ҳама бештар (15%) дар навоҳиии тобеи марказ коҳиш ёфт.
Дар Вазорати кишоварзӣ шарҳ доданд, ки кам кардани майдони кишти пунбадона ба поинравии нархҳо ба нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ, дастрасии нокофии бахши кишоварзӣ ба қарзҳои имтиёзнок дар кишвар, болоравии арзиши сӯзишворӣ дар мавсими киштукор, гаронии қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи кишоварзӣ ва камбуди об дар мавсими обёрӣ марбут аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста