Баъди аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» дар моҳи январи соли ҷорӣ бинобар сабаби қарзи ШСХК «Барқи тоҷик», нерӯгоҳ дубора ба фаъолият оғоз намуд. Он замон ҳаҷми қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳ 133 млн. сомонӣ (27,8 млн. $)-ро ташкил дода буд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз аввали соли 2013 қарзи ширкат ба нерӯгоҳ ҳамагӣ ба ҳудуди 12 млн. доллари ИМА баробар буд.
Ба «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки аз пардохт шудан ё нашудани қарз маълумот ба даст орад, зеро хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» барои шарҳ дастнорас буд.
Аз Вазорати энергетика ва захираҳои ои ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ва агрегати ягонаи он бо иқтидори 110 мегаватт имрӯз кор карда, нерӯи барқ истеҳсол мекунад. «Дар бораи мавриди истифода қарор гирифтани агрегати дуюми нерӯгоҳ алҳол чизе гуфта наметавонем, зеро дар он корҳо идома доранд», - гуфтанд дар вазорат.
Саид Асғарӣ, намояндаи ширкати эронии «Сангоб» дар Тоҷикистон, ки ширкати идоракунандаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар Тоҷикистон аст, ба «Азия-Плюс» аз шарҳи масъалаи пардохт шудан ё нашудани қарз худдорӣ варзида, лекин тасдиқ намуд, ки иншоот кор мекунад.
«Навбати дуюми нерӯгоҳ ояндаи наздик ба истифода дода мешавад ва дар бораи санаи мушаххаси ба истифода додани он шумо метавонед ба Вазорати энергетика муроҷиат намоед, ман дар ин хусус чизе гуфта наметавонам», - афзуд номбурда.
Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 20-уми феврали соли 2006 расман оғоз гардид. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Ширкати эронии «Сангоб» паймонкори кулли сохтмони ин нерӯгоҳ мебошад.
Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Даромади 12,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат аст, ки иқтидори ҳар кадоме ба 110 МВт баробар аст. Бо фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ иқтидори он 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста