Шоми имрӯз тамоми маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои аз офати табииӣ осебдидаи Шӯрообод ва Восеъи вилояти Хатлон шабонарӯзӣ пурра бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.
Директори корхонаи шабакаҳори барқи минтақаи Кӯлоб Мирзо Исмоилов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 13-уми апрел бар асари боришоти шадид дар як қатор маҳаллаҳои аҳолинишини ин ноҳияҳо, ки ба фаромадани ярч боис гардиданд, дар маҷмӯъ ҳудуди 70 симчӯбҳои хатти интиқоли барқ хароб гардида, то 30 ҳазор нафар аз барқ маҳрум шуданд.
Ба қавли ӯ, гурӯҳи таъмиргарон дар маҳалҳо ва кормандони шабакаҳои барқ муваққатан тавонистаанд, ки фавран дар 80%-и минтақаҳои осебдида интиқоли барқро таъмин созанд.
«Мувофиқи фармони роҳбари ширкати «Барқи тоҷик» Аслиддин Гулмурод Назирзода имрӯз воридоти кӯмаки техникӣ ба минтақа низ оғоз гардид»», - иброз дошт номбурда.
Исмоилов ҳамчунин зикр кард, ки то шоми имрӯз ивази симчӯбҳои барқӣ ба пояҳои оҳану бетонӣ ва насби тамоми маҳаллаҳои аҳолинишин ба хатти интиқоли барқ ба итмом мерасад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста