Семоҳаи аввали соли 2014 дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 9 млн. 297 ҳазор сомонӣ (беш аз 1,9 млн. $) маҳсулот истеҳсол шуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин давра дар 7 корхонаи саноатии МОИ «Суғд» дар ҳаҷми ҳудуди 9 млн. 215 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Айни замон дар МОИ «Суғд» 18 субъект сабти ном шудаанд, ки 11-тоашон корхонаҳои ватанӣ ва 7-тоаш корхонаҳои муштарак мебошанд.
Дар МОИ «Данғара» соли гузашта корхонаи «Ю ва Ф сервис» ба фаъолият оғоз намуда, дар зарфи се моҳи равон ба маблағи наздики 82 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард.
Тибқи маълумоти Агентии омор, дар МОИ «Панҷ» воқеъ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон, ки дар он 6 субект ба қайд гирифта шудааст, алҳол истеҳсоли маҳсулот ба қайд гирифта нашудааст. Соли гузашта барои сохтмони иншоот дар қаламрави ин минтақа дар ҳаҷми қариб 970 ҳазор сомонӣ маблағҳои сармоягузорӣ азхуд карда шуданд.
Ҳамчунин соли гузашта барои сохтмони иншооти гуногун дар қаламрави МОИ «Ишкошим» воқеъ дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ дар ҳаҷми беш аз 2,6 млн. сомонӣ маблағҳои сармоягузорӣ азхуд карда шуданд.
Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» амал мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста