Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин сарварони муассисаҳои тобеи Вазорат ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа ҳамчунин, Муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, роҳбарону намояндагони як қатор вазорату идораҳои соҳавӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаи васеи Ҳайати мушовараро бо суханони муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода оғоз намуда, сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ Вазир, Шариф Раҳимзода маърӯза намуд.
Дар аснои чорабинӣ масъалаҳои вобаста ба таҳлили амиқи нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, рушди ММД, сатҳи таваррум, гардиши савдои чакана, вазъи корхонаҳои саноатӣ, рушди содирот ва вазъи воридот, ҳамчунин масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 7 млрд. 810 млн. сомонӣ (зиёда аз 1,6 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% зиёд аст. Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии ҷумҳурӣ дар ин давра ба зиёда аз 1,1 млрд. $ баробар шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 3,7% (қариб 45 млн. $) камтар аст. Давоми моҳҳои январ-марти соли 2014 мизони таваррум дар кишвар 2,4%-ро ташкил дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста