Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои фаъолияти ду ташкилоти қарзиро бекор карданист.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, Бонки миллӣ иҷозатнома барои фаъолияти Ташкилоти қарзии хурди «Субҳи Урметан», воқеъ дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ва шаҳодатномаи Фонди қарзии хурди «Ҳафт Ганҷ»-и шаҳри Панҷакентро бозхонд намуд.
«Сабаби бозхонди иҷозатномаи фаъолияти ин ташкилотҳо муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардан ва зиёновар будани онҳо аст. Дар бораи барҳамдиҳии ҷамъият ва фонди мазкур ба суд аризаҳо пешниҳод карда шуданд.», - хабар медиҳад БМТ.
Гуфта мешавад, пас аз содир шудани ҳалномаи суд иҷозатнома ва шаҳодатномаи ташкилотҳои номбурда бозпас гирифта шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», дар сурати риоя накардани талаботи бонки танзимкунандаи ҷумҳурӣ, Бонки миллии ҷумҳурӣ ба бозхонди иҷозатномаи муассисаи қарзӣ ҳуқуқ дорад.
Айни замон дар Тоҷикистон 42 ташкилоти қарзии хурд ва 39 фонди қарзии хурд амал мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста