Ширкати Beijing Jichuang Combined Gas Meter Co., Ltd. –и Чин ният дорад, ки дар шаҳри Душанбе як маҷмааи муосири баргузории намоишгоҳҳо бунёд созад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, дар мулоқоти раиси Палата Шариф Саид бо президенти ин ширкати Чин Сен Янг Шенги масъалаҳои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии маҷмааи мазкур баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқот Шариф Саид изҳор доштааст, ки сохтмони маҷмааи баргузории намоишгоҳҳо дар Душанбе бо тамоми зербинои зарурӣ ба ҷалби сармоягузориҳо ҷиҳати амалисозии лоиҳаву барномаҳои тиҷоратӣ мусоидат менамояд. «Ӯ ба ҷониби Чин тарҳи лоиҳа ва нақшаи сохтмон дар қитъа ва тадбирҳои таъмини қаламрави сохтмон бо иншооти муҳандисиву нақлиётиро пешниҳод кард», - хабар медиҳад ПСС ҶТ.
Сен Янг Шенги пешниҳод намудааст, ки барои тасмими ниҳоӣ гирифтан ба сохтмони маҷмаа созишномаи дуҷониба дар бораи ҳамкорӣ ва омӯзиши муфассали ҷанбаҳои масоили фаннии сохтмон ба имзо расонида шавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста