Дар ҷараёни баргузории мизи гирд таҳти унвони «Таъмини амнияти ғизойии Тоҷикистон бо назардошти узвият ба СҶТ» сардори Раёсати сиёсати буҷетӣ дар бахшҳои иқтисоди Вазорати молияи ҶТ Темуралӣ Афғонов изҳор кард, ки коҳиши нархҳо ба маҳсулоти содиротӣ ва мавҷуд набудани дастрасии доимӣ ба нерӯи барқ ба тамоми сохтори макроиқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.
«Ин дар номутавозинии ҳаҷми содироту воридот, коҳиши ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ифода меёбад. Сарфи назар аз ин падидаҳо, маблағгузории хароҷот ба рушди соҳаи кишоварзӣ тибқи буҷети тасдиқшуда сурат мегирад», - иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои буҷети қабулшудаи ҶТ барои соли 2014 дар ҳаҷми 13,9 млрд. сомонӣ, қисмати хароҷоти он 14,1 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки ба соҳаи кишоварзӣ, заминсозӣ ва хоҷагии об 336,3 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.
«Аз рӯи барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ давоми солҳои 2014-2016 барои маблағгузории барномаҳо дар бахши кишоварзӣ ҷудо кардани 1 млрд. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ пешбинӣ шудааст», - гуфт Афғонов.
Номбурда хотиррасон намуд, ки дар давраи аз соли 2007 то соли 2013 барои дастгирии бахши аграрӣ 2,4 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ғайр аз ин сармоягузориҳои хориҷӣ низ ҷалб шуданд.
Афғонов зикр кард, ки давоми солҳои наздик баҳри рушди соҳибкорӣ дар деҳот ва роҳандозии ислоҳот дар ин соҳа 273 млн. доллар ИМА маблағ равона мегардад, ки ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар он 22,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста