Ширкати «Помир Энержи» нерӯгоҳҳои хурди обӣ-барқиро, ки дар ноҳияҳои дурдасти ВМКБ ҷойгиранд, бо иншооти марказии барқии вилоят мутамарказ мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, чанд рӯз қабл ба иншооти марказии истеҳсоли барқи вилоят нерӯгоҳи хурди «Наматгут», воқеъ дар ноҳияи Ишкошим васл шуд.
«Нерӯгоҳҳои хурди воқеъ дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилоят бинобар сабаби фарсудашавӣ сол то сол истифодаашон мушкилтар мегардад ва дар сурати мутамарказ сохтани онҳо бо иншооти гидроэнергеткии марказӣ, имкон пайдо мешавад, ки нерӯи барқи зиёдатии дар нерӯгоҳҳое чун «Помир-1» ва «Хоруғ» истеҳсолшуда ба истеъмолгарони дигар ноҳияҳои ВМКБ интиқол дода шавад», - гуфтанд дар ширкати мазкур.
Ба иттилои манбаъ, ин таҷрибаи ҳамоҳангсозии фаъолияти иншооти гидроэнергетикӣ таҷрибаи нахустини ширкат буда, акнун ҳудуди ҳазор нафар истеъмолгарони дараи Вахон, ки дар масофаи беш аз садҳо километр сукунат доранду аз нерӯгоҳи хурди «Наматгут» бо барқ таъмин мешуданд, айни замон бо нерӯи барқи бештар босифат ва мунтазам таъминанд.
Зимнан зикр гардид, ки таҷҳизот барои ин раванди душвори васл аз ширкати «HYDRO TU»-и Чин дастрас шуда, корҳои васлу насб дар ҳамдастӣ бо муҳандисони Чин муддати се ҳафта ба сомон расонида шуданд ва таҷҳизот аз озмоиши 72-соата гузаронида шудааст. «Ояндаи наздик васли нерӯгоҳи хурди «Шуҷанд»-и ноҳияи Рӯшон ба иншооти гидроэнергетикии маркази вилоят дар назар буда, он ба беҳбуди сифат ва эътимоднокии интиқоли барқ ба сокинони водии Бартанг имкони мусоид фароҳам месозад», - афзуданд дар ширкати «Помир Энержи».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста