Зимни ироаи паём ба парлумон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки барномаи нави рушди боғу токпарварӣ барои 10 соли минбаъда то моҳи сентябри ҳамин сол таҳия ва қабул карда мешавад.
Ӯ ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати рушду боғу токпарварӣ ва таъсиси корхонаҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ба гуфтаи президент, дар доираи иҷрои Фармони Президенти кишвар “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” то имрӯз қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, беш аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. «Барои бунёди боғҳои нав мо имконоти зиёд дорем ва вазорати кишоварзӣ, соҳибкорон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд ҷиддӣ ба ин кор машғул шаванд», - иброз дошт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки боғу токпарварӣ соҳаи сердаромадест, ки метавонад ба таври назаррас иқтидории содиротии кишварро афзун намояд.
«Тибқи ҳисобҳои миёна, аз содироти сабзавоту мева Тоҷикистон ҳамасола 1,5 млрд. $ даромад мегирад. Муддати 23 соли соҳибистиқлолӣ маблағи содироти сабзавоту мева, тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, 45-50 млрд. $-ро ташкил додааст», - гуфт ӯ.
Президент ҳамчунин зикр кард, ки ин даромади бевоситаи аҳолӣ буда, ба он мо набояд монеъа эҷод созем, балки ба доро шудани мардум мусоидат намоем.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста