Аввали ҳафтаи равон зимни ҷаласаи нахустини комиссия оид ба нақлиёти Тоҷикистону Белорус дар Душанбе, ки ба ҳайати он намояндагони Вазоратҳои нақлиёти ҳарду кишвар шомиланд, масъалаҳои ҳамкории минбаъда баррасӣ шуданд.
Аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут ба созишномаи мавҷудаи байниҳукуматии соли 2000-ум баимзорасида «Дар бораи мухобироти байнулмилалии автомобилӣ, мусофиркаш ва боркаш миёни Тоҷикистону Белорус» ибрози назар карданд.
«Созишнома бо мақсади осонкунӣ ва танзими ҳамлу нақли автомобилии бору мусофирон миёни ҳарду кишвар ва транзит тариқи қаламрави онҳо дар асоси барорбарҳуқуқӣ ва барои тарафайн судманд ба имзо расидааст», - гуфтанд дар вазорат ва илова намуданд, ки дар анҷоми ҷаласа Протокол ба имзо расид.
Дар Созишномаи мазкур зикр мегардад, ки муқаррароти он ба ҳамлу нақли воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар ва боркаши дар қаламрави яке аз кишварҳо сабтшуда мавриди амал қарор дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста