Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани воситаҳо дар ҳаҷми 45 млн. доллари ИМА барои маблағгузории марҳилаи аввали Барномаи беҳбуди роҳҳои нақлиётӣ (солҳои 2014-2019) дар минтақаи Осиёи Марказиро маъқул шуморид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, дар марҳилаи аввали амалисозии барнома барқарор кардани иртиботи нақлиётии фаромарзӣ миёни вилоятҳои Ошу Ботканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон пешбинӣ шудаааст.
«Дар марҳилаи аввал таъмиру азнавсозии қитъаи роҳҳои масофаи умумиашон ҳудуди 56 километр қад-қади роҳи «Ош-Ботканд-Исфана» дар ҳудуди вилояти Ботканд, аз ҷумла қитъаҳои «Исфана – гузаргоҳи марзии Қайрагаҷ/Маданият» (36 км), «Ботканд – Тортқул» (14 км) ва «Ботканд – гузаргоҳи Қизил-Бел/Гулистон» (6 км) дар назар аст», - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти бонк.
Ба гуфтаи сариқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ оид ба масоили нақлиёт бону Кордула Растоги, марҳилаи аввали барнома ба сифати яке аз лоиҳаҳои пайдарҳам таҳия шудааст, ки дар қаламрави якҷанд кишварҳо амалӣ карда мешавад.
«Барои ҳамзамон дар якчанд кишвар оғоз кардани амалисозии барнома зарурате нест ва ҳар яке аз кишварҳо вобаста ба омодагиаш ба татбиқи барннома шурӯъ мекунад. Дар амалисозии марҳилаи дуюми барнома иштироки Тоҷикистон дар назар буда, айни замон он мавриди таҳия қарор дорад», - иброз доштааст ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста