Семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 194 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ хабар доданд, арзиши як тонна маҳсулоти нафтии воридшуда (то марз) ба ҳисоби миёна 833 доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки тдар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 265 доллари ИМА арзонтар аст.
Ҳиссаи Русия дар бозори воридоти маҳслуоти нафтӣ ба Тоҷикистон – 88,1% ё худ 171 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 141 ҳазору 281 тонна бештар аст. Маҳсулоти нафтии аз Русия воридшуда ба ҳисоби миёна бо нархи 808 $ барои 1 тонна оварда шудааст, ки дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли гузашта 458 $ арзонтар мебошад.
Дар семоҳаи аввали соли равон аз Туркманистону Ӯзбекистон ва Украина маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ворид нашудааст.
Таҳвили маҳуслоти нафтӣ аз Қазоқистон дар ин давра 13 ҳазору 125 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9 ҳазор тонна зиёд ва бо нархи 841 $ барои як тонна оварда шудаанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 20 $ камтар аст. Ҳиссаи ин кишвар дар сохтори воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон 6,8%-ро ташкил додааст.
Аз оғози сол ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфта, ҳамагӣ 454 тоннаро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 26 ҳазор тонна камтар аст. Нархи миёнаи 1 тонна маводи сӯзишвории аз ин кишвар воридшуда 894 $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 9 $ поинтар аст. Ҳиссаи Қирғизистон дар бозори воридоти маҳслуоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 0,2%-ро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 34% баробар буд.
Дар ин давра ба Тоҷикистон аз Озарбойҷон бо нархи миёнаи 1 ҳазору 401 $ барои 1 тонна 7 ҳазору 012 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудаст. Ҳаҷми боқимондаи маҳсулоти нафтӣ бо миқдорҳои начандон зиёд аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Белорус низ ворид карда шудаанд.
Дар семоҳаи аввали соли 2014 ба Тоҷикистон 91 ҳазору 193 тонна бензин (47% аз ҳаҷми умумии воридоти маводи сӯзишворӣ), 76 ҳазору 271 тонна сӯзишвории дизелӣ (39,3%), 19 ҳазору 554 тонна сӯзишвории реактивӣ (10,1%), 2 ҳазору 793 тонна мазут (1,4%), 1 ҳазору 246 тонна битум (0,6%) ва 2 ҳазору 967 тонна равғани мошин (1,6%) ворид карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста