Чанде қабл дар Донишгоҳи Весалиуси шаҳри Брюссел дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Қирғизистон: имконоти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва нақши Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар дастгирии соҳибкории хурду миёна» мизи гирд баргузор шуд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби намояндагиҳои доимии Тоҷикистону Қирғизистон дар Иттиҳоди Аврупо бо дастгирии барномаи Комиссияи Аврупо «Central Asia Invest» ва Ташкилоти ғайридавлатии «Cesvi» созмон дода шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Белгия хабар доданд, дар мизи гирд ду ҳайати намояндагони воломақом аз Тоҷикистону Қирғизистон ва коршиносни бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва соҳибкорӣ иштирок ва маърӯза намуданд. Ҳамчунин дар чорабинӣ намояндагони Комиссияи Аврупо, Парлумони Аврупо, Хадамоти аврупоии муносибатҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҷаҳонии гумурук, Хартияи энергетикӣ ва доираҳои тиҷоратии мукими ин кишвар (Белгия) низ ҳузур доштанд.
Ҳамоҳангсозии кори мизи гирд ба дӯши вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон вогузор гардида буд. Нахуст намояндагони доимии Тоҷикистону Қирғизистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев ва Асейн Исоев ва директори департменти Аврупои Шарқӣ ва Марказии ВКХ Белгия Гюнтер Слюваген суханронӣ намуданд.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Гулрӯ Қаюмова ба ҳозирин имконоти иқтисодӣ ва муҳити сармоягузории Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Раиси Ассотсиатсияи миллии тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон Насиба Аминова ба иштирокчиёни мизи гирд дар бораи тадбирҳои андешидаи кишвар дар самти амалисозии меъёрҳои тиҷорати боинсофу боадолат маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Дар чорабинии мазкур ба масъалаҳои мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, бахусус корхонаҳои хурду миёна ва ҳамчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди косибӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Зимнан зикр гардид, ки дар фарҷоми чорабинӣ намоишгоҳи намунаҳои беҳтарини маҳсулоти косибии ҳунармандони тоҷик барпо шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста