Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар бораи ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Сеул ба мувофиқа расиданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, созишномаи пешбинишуда дар бораи иртиботи ҳавоӣ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди дурӯза дар шаҳри Душанберо санаи 29-уми апрел сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Исмоил Ҷобиров ва сардори Раёсати авиатсияи Вазорати замин, нақлиёт ва умури баҳрии Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷин Чюла ба имзо расониданд.
«Алҳол сухан сари ифтитоҳи ду хатсайр дар як ҳафта таҳти созишнома дар бораи истифодаи хатсайр аз ҷониби ду ё зиёда аз он ширкатҳои ҳавоӣ меравад. Инҳо кадом ширкатҳо мешаванд, алҳол маълум нест, зеро созишнома то ҳанӯз мувофиқашуда буда, соли ҷорӣ гуфтушунидҳо идома меёбанд», - гуфтанд дар сафорат.
Дар сомонаи расмии Вазорати замин, нақлиёт ва умури баҳрии Кореяи Ҷанубӣ дар ин робита зикр мегардад, ки амалисозии созишнома дар бораи иртиботи ҳавоӣ ба таҳкими ҳамкориҳо миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон, афзоиши шумори сайёҳон ба ҳарду тараф, ҳавасмандии тоҷирон ва беҳбуди сармоягузориҳо мусоидат мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста