Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дурнамои кишти пахта майдони 199 ҳазору 451 гектарро ташкил медиҳад. То санаи 04-уми майи соли равон дар ҷумҳурӣ дар майдони зиёда 173,8 ҳазор гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки баробари 87,1 фоизи дурнамо мебошад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати кишоварзии ҶТ, кишоварзони вилояти Хатлон имсол тибқи дурнамо дар майдони 132,2 ҳазор гектар пахта кишт менамоянд. То санаи 04.05.14 дар майдони 119,6 ҳазор гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки баробари 90,5 фоизи дурнамо мебошад. Дар вилоят аввалин шуда кишоварзони ноҳияҳои Шаҳритус ва Сарбанд иҷрои кишти пахтаро пурра таъмин намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд низ кишти пахта идома дорад. Кишоварзони вилоят имсол тибқи дурнамо дар майдони 60 ҳазор гектар пахта кишт менамоянд. Айни замон дар вилоят майдони 49,1 ҳазор гектар кишти пунбадона гузарониданд, ки баробари 81,9 фоизи дурнамо мебошад.
Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад имсол тибқи дурнамо майдони 7251 гектарро кишти пунбадона ташкил медиҳад. То имрӯз дар майдони 4954 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки баробари 68,3 фоизи дурнамо мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста