Рӯзҳои 12-15-уми майи соли равон намояндагони корхонаҳои иқтисодиву тиҷоратии Белорус аз Душанбе боздид мекунанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) хабар доданд, ин сафар бо мақсади тавсеъаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Белорус сурат мегирад.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Белорусро муовини директори генералӣ оид ба робитаҳои иқтисодии хориҷии Шуъбаи Палатаи савдо ва саноати Белорус дар шаҳри Минск Татяна Дубова сарварӣ мекунад.
Дар ПСС ҶТ қайд карданд, ки нимаи дуюми рӯзи 13-уми май дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» вохӯрии доираҳои кории Тоҷикистон ва Белорус доир мегардад.
«Дар доираи ин вохӯрӣ имконоти иқтисодӣ ва саноатии Белорус ва Тоҷикистон муаррифӣ шуда, доир ба масоили васеи роҳандозии ҳамкориҳо гуфтушунидҳои намояндагони корхонаҳои ҳарду кишвар, намояндагони минтақаҳо ва палатаҳои савдо ва саноат баргузор мешавад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки намояндагони корхонаҳо ва соҳибкорону тоҷирони Белорус ҳамчунин аз корхонаҳои Тоҷикистон ва ҷойҳои тамошобоби сарзамини кӯҳистон низ боздид хоҳанд кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста