Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Дубай Ҳасан-ал Ҳошимӣ масоили роҳандозии ҳамкорӣ миёни сохторҳои тиҷоратии Тоҷикистону Дубай баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ атрофии маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳо, аз ҷумла дастгирии соҳибкорони ҳарду кишвар дар роҳандозии тиҷорати дуҷониба, иштироки доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар чорабиниҳои ПСС Дубай, содироти маҳсулоти тайёри Аморати Муттаҳидаи Араб ба бозорҳои Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.
Ҳасан-ал Ҳошимӣ зикр кардааст, ки доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар чорабиниҳои ПСС Дубай иштирок карда, метавонанд муносибатҳои нави тиҷоратӣ ба роҳ монда, ба бозорҳои минтақаи Шарқи Наздик роҳ ёбанд.
Шариф Саид нияти дар Душанбе баргузор намудани намоишгоҳи байнулмилалии маҳсулоти Дубай ва ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Дубайро изҳор намуда, ҳамчунин зарурати таъсиси Шӯрои кори «Тоҷикистон – Дубай»-ро таъкид доштааст.
Гуфта мешавад, дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҷалби сармоягузориҳо ба бахшҳои иқтисоду саноати Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди сабзавоту мева, нахи пахта, пӯст, дӯзандагиву бофандагӣ низ баррасӣ шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста