Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки дар сурати боқӣ мондани нарх ба алюминий дар сатҳи кунунӣ истеҳсоли он дар ҷаҳон то охири сол 10-15% коҳиш меёбад.
«Солҳои ахир соҳаи истеҳсоли алюминий дар ҷаҳон зери таъсири шадиди буҳрони молиявии ҷаҳонӣ қарор гирифтааст ва чоряки истеҳсоли ҷаҳонии он дар ҳоли нархи кунунӣ ба металл фоидаовар нест», - гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» (ТАЛКО).
Ба иттилои манбаъ, замони буҳрони солҳои 2008-2009 нарх ва арзиши аслии алюминий ҳамроҳ бо коҳиши нарх ба он тамоили поинравӣ касб карда, давоми солҳои 2012-2013 нарх ва арзиши аслии он дар ҳоли гузариш ба якдигар қарор доранд, ки дар натиҷа нарх коҳиш ёфта, арзиши аслӣ боло меравад.
Зимнан зикр гардид, ки муқоисаи нархи «таърихӣ»-и алюминий бо нархи гилхок дар сатҳи ҳудуди 14%, гувоҳи он аст, ки зимни 320 доллари ИМА будани нархи 1 тонна гилхок, арзиши воқеъӣ ба 1 тонна алюминий бояд 2285 доллари ИМА-ро ташкил диҳад, амммо имрӯз зимни 2100 доллари ИМА будани арзиши аслии миёнаи алюминий дар ҷаҳон, нархи он ба ҳудуди 1800 доллари ИМА баробар аст.
Қобили зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ба маблағи умумии 75,9 млн. сомонӣ 36 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол карда шуд. Дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли алюминии аввалия дар корхонаи мазкур 59,5 ҳазор тонна ба маблағи умумии 137,6 млн. сомониро ташкил дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста