Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои таҳияи тарҳи тангаҳои хотиравӣ бахшида ба 600-солагии шоир ва мутафаккири адабиёти классикии тоҷику форс Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии шоир файласуф ва мутафаккири асри XIV Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, иштирокчиён бояд тарҳи ҳарду тарафи тангаро пешниҳод намуда, дар паси ҳамаи тангаҳои хотиравӣ бояд Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шавад.
«Яке аз шартҳои тангаҳои хотиравӣ ба ифтихори Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Саид Алии Ҳамдонӣ он аст, ки расми онҳо бояд тасвир ёфта бошад. Тарроҳон ҳамчунин метавонанд аз тасвири китоб ва қалам дар онҳо истифода кунанд», - иттилоъ медиҳад БМТ.
Дар робита ба тангаҳои хотиравӣ ба муносибати 20-солагии Конститусия ва 90-солагии шаҳри Душанбе тасвири рақамҳои 20 ва 90 ҳатмӣ аст. «Зимни таҳия тарроҳон метавонанд харитаи Тоҷикистон ва навгониҳои меъмории пойтахтро истифода кунанд», - зикр мегардад дар хабари БМТ.
Дар мавриди арзиш (номинал)-и тангаҳо қайд мешавад, ки тарроҳон ба мустақилона муайян кардани арзиши танга ҳуқуқ доранд ва минбаъд он аз ҷониби Бонки миллӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Натиҷаҳои озмун 1-уми июни соли 2014 дар бинои Бонки миллии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста