Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти ширкати миллии нафтии Чин, роҳбари ширкати Чайна Петролиум Ван Дун Ҷенро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи нафту газ баррасӣ шуда, аз оғози кори ин ширкат дар Тоҷикистон дар самти ҷустуҷӯйҳои геологӣ дар мавзеъҳои ояндадори нафту газ ва татбиқи лоиҳаи сохтмони лӯлаи газ аз Осиёи Марказӣ ба Чин изҳори хушӣ карда шуд.
Тавре зикр гардид, имсол сохтмони хати чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин, ки аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам мегузарад, оғоз хоҳад ёфт. Ҳамкории ин ширкат бо ширкатҳои Тотал ва Тетис дар Тоҷикистон дорои дурнамои умедбахш номида шуд. Бо такя ба натиҷаҳои омӯзиши пешакӣ, изҳори боварӣ карда шуд, ки аз ҷониби ин ширкатҳо дар Тоҷикистон захираҳои фаровони нафту газ пайдо карда мешавад.
Таъкид гардид, ки ворид шудани ширкати миллии нафтии Чин ба бозори Тоҷикистон оғозбахши марҳилаи сифатан нави ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя хоҳад буд.
Дар ҳошияи мулоқот миёни Тоҷикистон ва ширкати миллии нафтии Чин созишнома ба имзо расид, ки ҳамкории ду ҷонибро дар самтҳои мазкур танзим хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста