Дар майдони 98 ҳазору 885 гектар заминҳои Тоҷикистон зироати ғалладона кишт шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 7% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, кишти зироати ғалладона дар кишвар идома дошта, нақшаи кишти баҳории ин зироат 92 ҳазору 126 гектар муқаррар шуда буд.
«Обуҳавои мусоид ба зиёд кардани майдони кишти зироати ғалладона имкон дод. Аз майдони умумии кишт дар 34,6 ҳазор гектар гандум, 6,8 ҳазор гектар ҷуворимакка ва дар майдони боқимонда дигар навъи зироати ғалладона кишт шуд», - гуфтанд дар вазорат.
Хотиррасон карда шуд, ки дар маъракаи кишти тирамоҳии зироати ғалладона кишти он дар майдони 198,4 ҳазор гектар анҷом дода шуд, ки нисбат ба нақша 1% бештар мебошад.
Дар Вазорати кишоварзӣ умедворанд, ки имсол ҳам мисли соли гузашта ҳосили гандум ба даст оварда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта 1,1 млн. тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 900 ҳазор тоннаашро гандум ташкил дод.
Қобили зикр аст, ки соли 2012 кишоварзони тоҷик дар ҳаҷми 1200 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли 2012 дар ҷумҳурӣ 801,2 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар буд. Соли 2009 дар Тоҷикистон ҳосили баландтарини гандум ҷамъоварӣ шуд, ки 938,4 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, аз ин ҳаҷм ҳудуди 70% аз Қазоқистон ворид карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста