«Бонки Эсхата» дар ноҳияи Рудакӣ, ки барои фаъолияти бонк яке аз ноҳияҳои муҳим ба ҳисоб меравад, филиали худро боз кард.
Бино ба иттилои хадамоти матюуоти «Бонки Эсхата», моҳи декабри соли 2012 Бонки Эсхата дар ноҳияи мазкур Маркази хизматрасонии бонкиро созмон дод, ки он то ба имрӯз фаъолияти пурсамарро таҳти роҳбарии Воҳидов Абдувафо бурда истодааст.
Имрӯз МХБ сохтори худро иваз намуда, ҳамчун филиал аз қайд гузаштааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин дастовард ба шарофати меҳнати софдилонаи кормандон ба даст омадааст.
Акнун кормандони филиал ҳамаи хизматрасониҳои асосии бонкиро барои осон намудани кори мизоҷон дар сатҳи баланд расонида метавонанд.
Лентаи рамзиро муовини раиси ноҳияи Рудакӣ Шӯҳрат Раҳимов ва директори филиал Абдувафо Воҳидов бурида, ба фаъолияти расмии филиал ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Муовини раиси ноҳия дар баромади худ ба фаъолияти филиал рушду нумӯъ ва ба кормандони он муваффақияту бурдбориҳои зиёдро таманно намуд.
Ниҳоят меҳмонони бонк аз хизмарасониҳои бонкӣ бархурдор гардиданд, ки пешниҳоди онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ки дар рисолати Бонки Эсхата оварда шудааст мусоидат менамояд: "Кӯмак расонидан ба рушди иқтисод тавассути дастгирии тиҷорати хурду миёна бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Айни замон «Бонки Эсхата» дар саросари кишвар дорои 21 филиал, 79 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 355 Нуқтаи интиқоли пулӣ аст. Дафтари асосии кории «Бонки Эсхата» дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста