Рӯзи 20-уми май зимни ҷаласаи Шӯрои роҳбарони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Минск муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ҷараёни тасдиқи Шартнома дар бораи минтақаи савдои озодро ба итмом мерасонад.
Ба қавли ӯ, аз 8 кишвари Шартномаро баимзорасонида, 7 давлат аллакай онро тасдиқ кардаанд. «Рӯзи 31-уми май дар Минск Протоколи истифодаи Шартнома миёни Тарафҳои он ва Ӯзбекистон ба имзо расида, акнун шумори иштирокчиёни Шартнома дар бораи минтақа савдои озод ба 9 кишвар расид», - иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки айни замон коршиносон лоиҳаҳои Созишнома дар бораи савдои озоди хизматгузориҳо ва Созишнома дар бораи харидҳо барои эҳтиёҷоти давлатиро маврии омӯзиш қарор дода, ташкили ҳайати комиссияи коршиносон оид ба ҳалли баҳсҳо дар арафаи анҷомёбист.
Ёдрас мекунем, ки Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод моҳи октябри соли 2011 аз ҷониби давлатҳои Русия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон ба имзо расида буд. Аз ҷониби Тоҷикистон санади мазкурро собиқ нахутсвазири кишвар Оқил Оқилов имзо карда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста