Аз майдони умумии 199,4 ҳазор гектари пешбинишуда барои кишти пунбадона дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аллакай дар майдони 182,1 ҳазор гектар кишти пунбадона ба анҷом расид, ки 93,3%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, пахтакорони вилояти Хатлон дар майдони 122,8 ҳазор гектар кишти пунбадонаро ба итмом расониданд, ки ба 96%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст. То имрӯз дар вилояти Суғд дар майдони 53,9 ҳазор гектар (89%-и нақша) ва ноҳияҳои тобеи марказ дар майдони 5,3 ҳазор гектар (73,6%-и нақша) пунбадона кишт карда шудааст.
«Маъракаи кишти пунбадона дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ идома дошта, имсол хоҷагиҳои пахтакор барои кишт 42 адад тухмипошакҳоро истифода мекунанд», - гуфтанд дар вазорат.
Тибқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2013 кишоварзони Тоҷикистон 392 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоврӣ намуданд, ки 96,4%-и нақшаи пешбинишударо ташкил дод. Соли 2013 майдони кишти пахта коҳиш ёфта, пунбадона дар майдони 191 ҳазору 333 гектар кишт шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 8 ҳазору 133 гектар камтар буд.
Ҳанӯз 10 сол қабл дар сохтори маҳсулоти содиротии Тоҷикистон пахта дар ҷойи аввал қарор дошт, вале тадриҷан ҳиссаи он дар содирот коҳиш меёбад. Масалан, соли 2012 ҳиссаи нахи пахта дар ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон 18,6% ва аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 бошад, 10-15%-ро ташкил дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста