Бинобар сабаби давраи камобӣ дар обанбори Тухтагул, Қирғизистон тасмим гирифт, ки аз Тоҷикистон нерӯи барқ ворид намояд.
Тавре дар сомонаи ҶСК «Электрические станции» (Истгоҳҳои барқӣ)-и Қирғизистон иттилоъ дода мешавад, чанде қабл миёни ин ҷамъият ва ШСХК «Барқи тоҷик» дар бораи аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол додани то 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ бо нархи 2 сент барои 1 кВт/соат шартнома ба имзо расидааст.
«Зимни гуфтушунид ба раҳбарияти ҶСК «Электрические станции» муяссар шуд, ки нархро аз 2,5 сент то 2 сент поин фароранд. Аллакай моҳи май интиқоли барқ аз рӯи ин шартнома шурӯъ шуд», - зикр мегардад дар хабар.
Тибқи реҷаи интиқол, содироти нерӯи барқ аз моҳи май то моҳи сентябри соли 2014 дар ҳаҷми 600 млн. кВт/соат амалӣ шуда, пардохти он тибқи нишондиҳандаи ҳаҷми интиқоли моҳона дар муддати 30 рӯзи бонкӣ анҷом дода мешавад.
«Ин тадбир барои нигаҳдории ҳаҷми оби барои истеҳсоли нерӯи бьарқ таъиншуда дар обанбори Тухтагул зарур аст. Ба санаи 21-уми май ҳаҷми об дар обанбори Тухтагул 9 млрд. 118 млн. метри мукаабаро ташкил медиҳад», - омадааст дар хабари ҷамъият.
Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», то имрӯз Тоҷикистон 2 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста