Соҳибкорони вилояти Суғд усулҳои рушди иқтидори содиротии худро дар семинаре, ки 21-23 май дар шаҳри Хуҷанд барпо мегардад, меомӯзанд.
Тавре аз шуъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар доданд, барномаи омӯзишии зерин аз ҷониби лоиҳаи ЮСАИД оид ба рушди савдо ва даромади Афғонистон (ATAR) ва Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид (UNDP) Лоиҳаи Мусоидат ба савдо (Aid for Trade) ташкил шудааст.
Ба иттилои манбаъ, яке аз ҳадафҳои асосии барномаҳои ЮСАИД ва Барномаи Рушди СММ вусъат додан ва беҳтар намудани савдо ва содирот дар минтақа, тавассути ҷалби бахши хусусӣ, ба роҳ мондани робитаҳои корӣ, аз ҷумла муайян кардани имкониятҳои истифоданашудаи савдо мебошад.
Гуфта мешавад, семинар мавзуҳои зеринро фаро мегирад: маркетинги содиротӣ тавассути омӯзиши мисолҳои алоҳида, таъсири савдо ва сармоягузорӣ ба инкишофи иқтисодӣ, мисолщои амалӣ барои рушди содирот барои ширкатҳо, муколамаи бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ баҳри беҳтарнамоии рақобатнокии содиротӣ.
Қобили зикр аст, ки семинар бо дастгирӣ ва ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд барпо гашта, дар он зиёда аз сӣ нафар соҳибкорони соҳаҳои мухталиф, аз он ҷумла саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ, бофандагӣ ва масолеҳи сохтмонӣ иштирок мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста