Рӯзи 6-уми июн дар доираи кори ҷаласаи IV-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Душанбе ва дар чаҳорчӯби намоишгоҳ-ярмаркаи ҳамасолаи «ИНТЕРЛЕГПРОМ-2014», ки рӯзҳои 4-7-уми июн дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахт баргузор мешавад, вохӯрии соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва Лаҳистон доир мегардад.
Бино ба иттилои хадамоти мтабуоти Паатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), ҳамоиши тиҷоратии мазкур бахшида ба масъалҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Лаҳистон аз ҷониби ПСС ҶТ бо мусоидати сафоратхонаи Лаҳистон дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон созмон дода мешавад.
«Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш бо истифода аз имконоти иқтисодии Тоҷикистону Лаҳистон афзоиш додани сатҳи муомилоти молӣ тариқи рушди ҳамкориҳо миёни соҳибкорони ҳарду кишвар дар бахшҳои нақлиёт, электроэнергетика, сохтмон, кишоварзӣ, байторӣ, тандурустӣ, ҷалби сармояи Лаҳистон ба кишвар ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштарак аст», - зикр мегардад дар иттилои ПСС ҶТ.
Таъкид мешавад, ки аз лиҳози ибрози андешаву пешниҳод, лоиҳа, муомилот ва қарорҳо ҳамоиши тиҷоратӣ бояд бештар натиҷаовар буда, барои роҳандозии ҳамкории пурсамари дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоварад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста