Тибқи маълумотҳои оморӣ, ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ 5 млрд.796,4 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8 фоиз зиёд аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, нишондиҳандаҳои таҳлил дар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо гувоҳи он аст, ки дар ин давра маблағҳои шахсони воқеӣ нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ бештар гардидааст.
«Аз ҷумла, 33,5 фоиз ё худ 1 млрд. 942,3 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 66,5 фоиз ё худ 3 млрд. 854,1 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд», - зикр мегардад дар маълумоти Бонки миллӣ.
Гуфта мешавад, фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳҳои январ-апрели соли равон бо пули миллӣ 15,28 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 12,26 фоизи солонаро ташкил додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста