Ҳаҷми истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар Тоҷикистон 43 млн. 711 ҳазор кВт/соатро ташкил медиҳад, ки беш аз 5 млн. кВт/соати он ба хориҷи кишвар содирот мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд, аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи ҳосилшуда ба минтақаи шимол – 13,2 млн. ва ба минтақаи ҷанубу маркази кишвар – 25 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. «Аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи тавлидшуда дар як шабонарӯз ҳиссаи асосӣ – 29 млн. 190 ҳазор кВт/соат ба нерӯгоҳи обиву барқии «Норак» рост меояд», - гуфтанд дар вазорат.
Бино ба маълумоти вазорат, дар як шабонарӯз нерӯгоҳҳои «Бойғозӣ» - 5 млн. 204 ҳазор, «Сангтӯда-1» - 3 млн. 864 ҳазор, «Сангтӯда-2» - 1 млн. 691 ҳазор, «Сарбанд» - 2 млн. 237 ҳазор, «Шаршар» - 516 ҳазор, «Қайроққум» – 477 ҳазор ва силсиланерӯгоҳҳои Варзоб – 365 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунанд.
«Феълан захираи об дар обанбори бузургтарин нерӯгоҳи барқӣ дар кишвар – «Норак» ҷараён дорад. Ҳамасола ин кор то аввали моҳи июл идома ёфта, сипас ҷараёни партоби холии об берун аз агрегатҳо оғоз мегардад, зеро Тоҷикистон ба содироти чунин ҳаҷми нерӯи барқ имкон надорад», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз Тоҷикистон ба кишварҳои Қирғизистон ва Афғонистон нерӯи барқ содирот мекунад. Шабонарӯзи ахир аз Тоҷикистон ба Қирғизистон 1 млн. 632 ҳазор ва Афғонистон – 3 млн. 738 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.
Нимаи моҳи майи соли равон миёни ҶСК «Электрические станции» (Истгоҳҳои барқӣ)-и Қирғизистон ва ШСХК «Барқи тоҷик» дар бораи аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол додани то 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ бо нархи 2 сент барои 1 кВт/соат шартнома ба имзо расид. Содироти нерӯи барқ ба Афғонистон низ то аввали тирамоҳи соли ҷорӣ идома ёфта, арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ барои кишвари ҳамсоя 3,5 сент муқаррар шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста